Ҳабси боз як корманди Кумитаи андоз барои ришваситонӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон корманди навбатии Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар порагирӣ боздошт намуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуотӣ Агентии мазкур, моҳи декабри соли 2013 зимни гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андоз дар фаъолияти яке аз ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд, ки гузаронидани ин санҷиш […]



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон корманди навбатии Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар порагирӣ боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуотӣ Агентии мазкур, моҳи декабри соли 2013 зимни гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андоз дар фаъолияти яке аз ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд, ки гузаронидани ин санҷиш ба сармутахассиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Касиров Ҳалим Маҳмадиевич вогузор шуда буд, охирин аз ин вазъияти мусоид сӯиистифода карда, барои дар санади санҷишӣ кам нишон додани маблағи ҷарима, дар фаъолияти ин ҷамъият, ки андозсупорандаи фаъол ба шумор меравад, аз роҳбари он маблағи 10 ҳазор доллари ИМА ба сифати пора талаб намуда, тахминан 7 феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе Касиров Ҳ.М. аз маблағҳои ба сифати пора талабкардааш маблағи 5 ҳазор доллари ИМА-и онро гирифтааст.

Сипас, 13 феврали соли 2014 ҳангоми муроҷиати сармуҳосиби ҷамъияти мазкур ба Касиров Ҳ. оиди гирифтани санади санҷишӣ, Касиров Ҳ. аз маблағи 10 ҳазор доллари ИМА-и қаблан талабнамудааш, боқимонда 5 ҳазор доллари ИМА-и онро низ аз вай талаб карда, барои дар санаи 14 феврали соли 2014 оварда додани он шарт гузоштааст.

Рӯзи 14 феврали соли 2014 тахминан соати 18:50 зимни гузаронидани амалиёти тафтишотӣ-оперативӣ сармутахассиси Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Касиров Ҳ.М. баъди гирифтани маблағи боқимонда маблағи 5 ҳазор доллари ИМА ба сифати пора, дар кучаи Н.Махсусми шаҳри Душанбе, дастгир карда шуда, маблағи 5 ҳазор доллари ИМА ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Санаи 15 феврали соли 2014 ҳангоми гузаронидани амалиётҳои тафтишотӣ аз манзили истиқоматиии Касиров Ҳ. воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кучаи Н.Шарипов, хонаи 17, маблағи 5 ҳазор доллари ИМА-и қаблан ба сифати пора гирифтааш ёфта гирифта шуд.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати Касиров Ҳ.М. парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва нисбати ӯ  чораи пешгирӣ – ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки зимни вохӯрии рӯзи 4-уми феврал бо журналистон раиси Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуда буд, ки танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба гумон даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбат ба 4 корманди мақомоти андози Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.