Ӯзбекистон дар минбари СММ аз Тоҷикистону Қирғизистон шикоят кард



Ӯзбекистон бори навбатӣ аз «нақшаҳои кишварҳои ҳамсоя оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои нави бузурги обӣ-барқӣ бо сарбандҳои беҳад баланд аз рӯи андозаҳои сатҳи ҷаҳонӣ» изҳори нигаронӣ намуд.

Тавре

ОИ «Жаҳон»

-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ин изҳороти намояндагони Ӯзбекистон чанд рӯз қабл зимни ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ дар мавзӯи «Об, санитария ва энергетикаи устувор дар партави рушди баъди соли 2015» садо додааст.

«Ба андешаи коршиносон, амалисозии чунин тарҳҳо ба вайрон шудани маҷрои табиии рӯдхонаҳо оварда мерасонад, ки метавонад оқибатҳои хатарноктарини экологӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро ба бор оварда, тавозуни бе ин ҳам нозуки обиву экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро куллан дигаргун созад», – зикр мегардад дар изҳорот.

Намояндагони Ӯзбекистон бар ин назаранд, ки сохтмони чунин иншоот дар манотиқи дорои эҳтимоли заминларзаи 9-10 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер сурат мегирад, ки ба хатари зиёди сар задани офтаҳои техногенӣ боис шуда метавонад ва аз ин рӯ, мавқеи Ӯзбекистон дар он ифода меёбад, ки бидуни мувофиқа бо ҳамаи кишварҳои манфиатдор, ба сохтмони чунин иншооти гидроэнергетикӣ дар маҷроҳои обҳои байнулмилалӣ роҳ дода нашавад.

«Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мушкилоти истифодаи оқилона ва боинсофонаи захираҳои обиву энергетикии рӯдхонаҳои фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд», – гуфта мешавад дар изҳороти мазкур.

Ёдрас мекунем, ки тайи чанд соли ахир ҳукуматдорони Ӯзбекистон аз минбарҳои гуногун чандин маротиба аз тарҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқиву обӣ дар қаламравашон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шикоят бурданд.

spot_imgspot_img

Популярное