Ӯзбекистон дар минбари СММ аз Тоҷикистону Қирғизистон шикоят кард

Ӯзбекистон бори навбатӣ аз «нақшаҳои кишварҳои ҳамсоя оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои нави бузурги обӣ-барқӣ бо сарбандҳои беҳад баланд аз рӯи андозаҳои сатҳи ҷаҳонӣ» изҳори нигаронӣ намуд. Тавре ОИ «Жаҳон» -и назди Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ин изҳороти намояндагони Ӯзбекистон чанд рӯз қабл зимни ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ дар мавзӯи «Об, санитария ва энергетикаи […]



Ӯзбекистон бори навбатӣ аз «нақшаҳои кишварҳои ҳамсоя оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои нави бузурги обӣ-барқӣ бо сарбандҳои беҳад баланд аз рӯи андозаҳои сатҳи ҷаҳонӣ» изҳори нигаронӣ намуд.

Тавре

ОИ «Жаҳон»

-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ин изҳороти намояндагони Ӯзбекистон чанд рӯз қабл зимни ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ дар мавзӯи «Об, санитария ва энергетикаи устувор дар партави рушди баъди соли 2015» садо додааст.

«Ба андешаи коршиносон, амалисозии чунин тарҳҳо ба вайрон шудани маҷрои табиии рӯдхонаҳо оварда мерасонад, ки метавонад оқибатҳои хатарноктарини экологӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро ба бор оварда, тавозуни бе ин ҳам нозуки обиву экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро куллан дигаргун созад», – зикр мегардад дар изҳорот.

Намояндагони Ӯзбекистон бар ин назаранд, ки сохтмони чунин иншоот дар манотиқи дорои эҳтимоли заминларзаи 9-10 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер сурат мегирад, ки ба хатари зиёди сар задани офтаҳои техногенӣ боис шуда метавонад ва аз ин рӯ, мавқеи Ӯзбекистон дар он ифода меёбад, ки бидуни мувофиқа бо ҳамаи кишварҳои манфиатдор, ба сохтмони чунин иншооти гидроэнергетикӣ дар маҷроҳои обҳои байнулмилалӣ роҳ дода нашавад.

«Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мушкилоти истифодаи оқилона ва боинсофонаи захираҳои обиву энергетикии рӯдхонаҳои фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд», – гуфта мешавад дар изҳороти мазкур.

Ёдрас мекунем, ки тайи чанд соли ахир ҳукуматдорони Ӯзбекистон аз минбарҳои гуногун чандин маротиба аз тарҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқиву обӣ дар қаламравашон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шикоят бурданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.