Мулоқоти Раҳмон бо муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА



Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Хогландро ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар бахши таъмини амният дар минтақа ва вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Хогланд мулоқот кард.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ, машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, вазъият дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн суҳбат оростанд.

spot_imgspot_img

Популярное