Ҳалокати ду тоҷикистонӣ аз садамаи нақлиёт дар Русия

Бар асари садамаи нақлиёт дар Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, субҳи рӯзи якшанбе дар роҳи мошингарди Челябинск – Троитс, наздикии […]



Бар асари садамаи нақлиёт дар Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, субҳи рӯзи якшанбе дар роҳи мошингарди Челябинск – Троитс, наздикии Южно-Уралск ду автомашинаи сабукрав ба ҳам бархӯрда,  дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон – зодаи ноҳияи Айнӣ Амиршо Азимқулови 19-сола ва сокини ноҳияи Румӣ Ҳошимҷон Раҳимови 35-сола ва ду шаҳрванди Русия –дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, сокини 39-солаи ноҳияи Айнӣ Абдумуталиб Набиев ва Исмоил Меликов (сана ва ҷойи таваллудаш муайян мешаванд) бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони Южно Уралск бисарӣ шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагӣ ба хешону наздикони фавтидагон ҷиҳати омодакунии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба ватан фиристодани ҷасади онҳо кумак мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.