Тағйирот ба ҷадвали парвозҳо дар фурудгоҳи пойтахт



Субҳи имрӯз мавзеи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро тумани ғафс пӯшонид аз ин хотир дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид гардид.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Урумчи-Душанбе, Дубай-Душанбе, Истамбул-Душанбе, ки то ин соат бояд дар Душанбе фуруд меомаданд,  ҳанӯз аз фурудгоҳҳои кишварҳои худ парвоз накардаанд.

Ҳамзамон беҳтар шудани вазъи ҳаворо дар хатсайрҳои Душанбе-Москва (Внуково), Душанбе- Москва (Домодедово), Душанбе- Иркутск дар фурудгоҳи Душанбе интизоранд.

Ҳавопаймои рейси 628 Москва-Душанбе бинобар вазъи ҳавои Душанбе (тумани ғафс) алъон дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омад.

Хати нишасту парвоз, роҳравҳои зимомӣ ва тавақуфгоҳҳо барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода шудааст. Техникаи зарурӣ ва дигар механизмҳо мерасанд ва омодаи коранд. Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шуруъ хоҳад шуд. Соати гушодашавии ҳаво ҳанӯз маълум нашудааст.

 

spot_imgspot_img

Популярное