Тағйирот ба ҷадвали парвозҳо дар фурудгоҳи пойтахт

Субҳи имрӯз мавзеи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро тумани ғафс пӯшонид аз ин хотир дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид гардид. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Урумчи-Душанбе, Дубай-Душанбе, Истамбул-Душанбе, ки то ин соат бояд дар Душанбе фуруд меомаданд,  ҳанӯз аз фурудгоҳҳои кишварҳои худ парвоз накардаанд. Ҳамзамон беҳтар шудани вазъи ҳаворо дар […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз мавзеи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро тумани ғафс пӯшонид аз ин хотир дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид гардид.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Урумчи-Душанбе, Дубай-Душанбе, Истамбул-Душанбе, ки то ин соат бояд дар Душанбе фуруд меомаданд,  ҳанӯз аз фурудгоҳҳои кишварҳои худ парвоз накардаанд.

Ҳамзамон беҳтар шудани вазъи ҳаворо дар хатсайрҳои Душанбе-Москва (Внуково), Душанбе- Москва (Домодедово), Душанбе- Иркутск дар фурудгоҳи Душанбе интизоранд.

Ҳавопаймои рейси 628 Москва-Душанбе бинобар вазъи ҳавои Душанбе (тумани ғафс) алъон дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омад.

Хати нишасту парвоз, роҳравҳои зимомӣ ва тавақуфгоҳҳо барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода шудааст. Техникаи зарурӣ ва дигар механизмҳо мерасанд ва омодаи коранд. Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шуруъ хоҳад шуд. Соати гушодашавии ҳаво ҳанӯз маълум нашудааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.