Бовари раиси ҲСДТ ба президенти Украина интихоб шудани Юлия Тимошенко



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бовар дорад, ки дар маъракаи интихоботии санаи 25-уми май дар Украина Юлия Тимошенко президенти нави ин кишвар интихоб мешавад.

«Янукович имкони ночизе дорад ва дар пешбарӣ шудан ба муҳлати нав ҳам қариб имконе надорад. Агар ягон чизи ғайримунтазирае рух надиҳад, Юлия Тимошенко президенти нави Украина мешавад, ҳарчанд фикр мекунам, ки дар интихоботи президентии санаи 25-уми май на камтар аз 4 номзад бо шумули Кличко, Тягнибок ва Поршенко низ рақобат хоҳанд кард. Сиёсатмадороне чун Ятсенюк, Лутсенко ё Турчинов миёни номзадон ба мақоми президенти Украина ҳузур нахоҳанд дошт», – навиштааст Зойиров дар саҳифаи фейсбукии худ.

Раиси ҲСДТ ба тасдиқи гуфтаҳояш далел меорад, ки аввалан Юлия Тимошенко аллакай имрӯз пешвои бештар бонуфуз дар Украинаи инқилобӣ буда, номзадии ӯ аксари нерӯҳои таъсиргузорро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар қонеъ месозад ва сипас ҳукумати имрӯзаи давраи гузариши Украина низ амалан дар дасти ӯ қарор дорад.

Номбурда ҳамчунин зикр мекунад, ки миёни номзадҳои имокнпазир ба мансаби президенти Украина шахси комилан мақбул барои Русия вуҷуд надошта, он ҳам Юлия Тимошенко ё тоҷир Порошенко буда метавонанд. «Мансаби нахуствазир дар Украинаро яқинан Порошенко соҳиб хоҳад шуд», – мегӯяд Зойиров.

spot_imgspot_img

Популярное