Омодагирӣ ба амалиёти зиддимухаддиротии «Канал»

Рӯзи 24-уми феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи якуми гурӯҳи кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаҳои гузаронидани чорабинии маҳаллӣ дар чорчӯбаи амалиёти “Канал” баргузор гардид. Бино ба иттили шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои амният, Вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии […]

ASIA-Plus



Рӯзи 24-уми феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи якуми гурӯҳи кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаҳои гузаронидани чорабинии маҳаллӣ дар чорчӯбаи амалиёти “Канал” баргузор гардид.

Бино ба иттили шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои амният, Вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, инчунин мушовири Котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ -муовини Котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, намояндаи Хадамоти Федератсияи Россия оид ба назорати маводи нашъаовар иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба тартиби гузаронидани амалиёт, ташкили гурӯҳҳои машқӣ-тамринӣ баррасӣ гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.