Ҳалокати муовини раиси Ҳисор аз ҷароҳатҳои бардошта дар садама

 Муовини раиси ноҳияи Ҳисор Холбӣ Давлатова, ки аз садами нақлиёти рӯзи 15-уми феврал дар роҳи мошингарди Ҳисор – Душанбе ҷароҳатҳои вазнини сершумор бардошта буд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар яке аз бемористонҳои пойтахт ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар дод. «Маросими дафни Давлатова чанде қабл […]



 Муовини раиси ноҳияи Ҳисор Холбӣ Давлатова, ки аз садами нақлиёти рӯзи 15-уми феврал дар роҳи мошингарди Ҳисор – Душанбе ҷароҳатҳои вазнини сершумор бардошта буд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар яке аз бемористонҳои пойтахт ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар дод.

«Маросими дафни Давлатова чанде қабл дар ноҳияи Ҳисор баргузор шуд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда муовини раиси ноҳияи Ҳисор, масъули бахши савдо ва иқтисоди ҳукумати ноҳия Нурмаҳмад Аҳмедови 48-сола бо автомашинааш ба садамаи нақлиёт дучор шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД ҶТ, Аҳмедов зимни ҳаракат бо автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» аз Ҳисор ба Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қаламрави деҳаи Обшорон автомашинааш ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Зубайдулло Азимови 38-сола бармехӯрад.

Тавре як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар натиҷаи ин садама мусофири автомашинаи тамғаи «Опел Астра» сокини 69-солаи Ҳисор Исматулло Холов ба ҳалокат расида, шаш нафари дигар, аз ҷумла худи гунаҳкори садама низ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ҳукумати ноҳияи Ҳисор ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки миёни ҷароҳатбардоштагон аз ин садама боз як муовини дигари раиси ноҳияи Холбӣ Давлатова, масъули масоили бахши иҷтимоии ноҳия низ ҳузур доштааст, ки дар автомашинаи Аҳмедов будааст ва айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.

«Муовинони раиси ноҳияи Ҳисор ҷиҳати иштирок дар интихоботи аъзои нави палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ аз навоҳии тобеи марказ, ки санаи 15-уми феврал доир гардиданд, ба Душанбе сафар доштанд», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.