Соли гузашта дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сатҳи таварруми нисбатан пасттар дар Украина, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти портали
Trading Economics
, соли 2013 нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ дар Украина ҳамагӣ ба андозаи – 0,5%, Озарбойҷон – 2,4% ва Тоҷикистон – 3,7% боло рафтаанд.
Соли гузашта сатҳи таваррум дар Русия – 6,1%, Белорус – 15,3%, Арманистон – 5,5% ва Молдова – 5,2%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, сатҳи пасттарини таваррум дар соли гузашта миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин минтақа нишондиҳандаи нисбатан баландтар дар Ӯзбекистон – 7% ба қайд гирифта шуда, сатҳи таваррум соли гузашта дар Туркманистон ба 6%, Қазоқистон – 4,5% ва Қирғизистон – 4% расидааст.



