Абдуқаюми Қаюмзод аз бемористон рухсатӣ шуд

Журналисти тоҷик Абдуқайюми Қаюмзод, ки ба иллати бемории дил ва роҳҳои нафаскашӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошт, аз бемористон рухсатӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби журналист Шедфар Самадов хабар дод, айни замон вазъи солимии Қаюмзод хубтар буда, ӯро лозим аст, ки чанд муддати дигар реҷаи бистариро риоя намояд. «Мо ба ӯ истеъхмоли ҳабҳои заруриро […]

ASIA-Plus



Журналисти тоҷик Абдуқайюми Қаюмзод, ки ба иллати бемории дил ва роҳҳои нафаскашӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошт, аз бемористон рухсатӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби журналист Шедфар Самадов хабар дод, айни замон вазъи солимии Қаюмзод хубтар буда, ӯро лозим аст, ки чанд муддати дигар реҷаи бистариро риоя намояд. «Мо ба ӯ истеъхмоли ҳабҳои заруриро тавсия додем», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 19-уми феврал журналисти тоҷик Абдуқаюми Қаюмзод ба иллати бемории дил ва мушкил шудани нафаскашӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсионӣ)-и Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло)

бистарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 Абдуқаюми Қаюмзод ба Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шарафёб гардид. Худи ҳамон сол хафтаномаҳои «Фараж» ва «Нигоҳ» ӯро журанлистон беҳтарини сол эълон карданд. Соли 1995 ӯ бо ҷоизаи Хеллман ва Хеммет барои ҷонибдорӣ ба озодии баён ва соли 2010 дар чорабиниии сафоратхонаи ИМА дар Душанбе ба мукофоти «Барои ҷасорати журналистӣ» сазовор дониста шуд. Миёни хонандагон ӯ бо мусоҳибаҳои пурмуҳтавояш бо афроди шинохтаи ҷомеаи Тоҷикистон маъруф аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.