Боздошти муфаттиши Прокуратураи ҳарбӣ ба гумони порагирӣ



Азизуллоев Фозилҷон Холматович, дар асоси фармони Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.09 соли 2011 дар вазифаи муфаттиши шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе кор карда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар ҳолатҳои зерин ба ҷинояти гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯи даст зад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, чунончи, 03.02 соли 2014 муфаттиш Азизуллоев Ф.Х. нисбати сарбози қисми ҳарбии 5453 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Ҷамолиддин Расулбердиевич бо моддаи 387 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №64581 оғоз карда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор додааст.

Зимни тафтиши пешакӣ Азизуллоев Ф.Х. қасдан ва бо мақсади ғараз, назди худ бо баҳонаи пурсиш сарбоз Ҳотамов Абдуқодир Сайдмуддинович, ки дар ҷои ҳодиса қарор дошт, даъват карда, ба номбурда таҳдид намуд, ки ӯро ҳамчун ёвари сардори қаровул барои беназоратӣ аз болои сарбоз Раҳмонов Ҷ.Р. – посбони баст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашад.

Азизуллоев Ф.Х. аз рӯи қасди ҷиноятиаш амал намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт, бо воситаи роҳбарияти қисми ҳарбии 5453 падари сарбоз Ҳотамов А.С. – Ҳотамов Саймуддин Абдурозиқовичро назди худ даъват карда, бо номбурда дар ҳудуди ин қисми низомӣ вохӯрд. Зимни сӯҳбат Азизуллоев Ф.Х. ба Ҳотамов С.А. таҳдид намуд, ки ӯ писарашро барои беназоратӣ аз болои сарбоз, ки аз беэҳтиётии охирон боиси марги инсон гардидааст, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад. Ҳолати мазкур Ҳотамов С.А.-ро водор сохт, ки ба Азизуллоев Ф.Х. оиди ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани писараш, илтимос кунад. Азизуллоев Ф.Х. аз вазъияти муносиб истифода бурда, қасдан ва бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои ғаразоки худ, дар доираи ваколатҳои мансабии худ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани сарбоз Ҳотамов А.С. аз падараш Ҳотамов С.А. ба сифати пора маблағи 2500 доллари ИМА талаб кард. Азизуллоев Ф.Х. бо ин ҳаракатҳои худ Ҳотамов С.А.-ро ба чунин ҳолате гузошт, ки ӯ маҷбур шуд барои бартараф кардани оқибатҳои зарарнок ба манфиатҳои қонунии фарзандаш ба шахси мансабдор пора диҳад.

Ҳамин тавр, тахминан соати 18-30 дақиқаи 17.02 соли 2014, Азизуллоев Ф.Х. дар дохили автомашинаи шахсиаш, воқеъ дар роҳи назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз Ҳотамов С.А. 500 доллари ИМА-ро гирифта, боз овардани боқимонда 2000 доллари ИМА-ро талаб кард.

Ӯ боз, 21.02 соли 2014, тахминан соати 18-30, дар ҳудуди қисми ҳарбии 5453 аз Ҳотамов С.А. маблағи 700 доллари ИМА-ро ба сифати пора гирифт.

Дар ин хусус, 23 феврали соли 2014 нисбати Азизуллоев Ф.Х. бо банди “в” қисми 4 моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21-40 зимни гузаронидани чораҳои тафтишотӣ-фаврӣ Азизуллоев Ф.Х. баъди дар дохили автомашинааш аз Ҳотамов С.А. ба сифати пора гирифтани қисми боқимондаи маблағи 1300 доллари ИМА дастгир карда шуда, аз дохили бордончаи автомашина маблағи 1300 доллари ИМА ва аз ҳамёнаш маблағи 1200 доллари ИМА-и қаблан гирифтааш ёфта гирифта шуданд.

26.02 соли 2014 нисбати Азизуллоев Ф.Х. бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд.

Гумонбаршуда Азизуллоев Ф.Х. вобаста ба далелҳои холисона ва раднашавандаи дар рафти тафтишот ҷамъоварда нишондодҳои худиқрорӣ дода, аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ зоҳир намуд.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное