Раисони Суғду ВМКБ муовинони раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд

Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини аввал ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед муовини раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуданд. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимовро аъзои палатаи болоии парлумон раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо […]



Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини аввал ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед муовини раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуданд.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимовро аъзои палатаи болоии парлумон раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва итттиҳодияҳои байнипарлумонӣ интихоб намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масоили аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли гузашта бинобар сабаби ба мансабҳои давлатии нахуствазири ҷумҳурӣ таъин шудани муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода ва раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ таъин гардидани муовини раиси Маҷлиси миллӣ Қодири Қосим онҳо ваколатҳои худ дар палатаи болоии парлумонро супурда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.