Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини аввал ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед муовини раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуданд.
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимовро аъзои палатаи болоии парлумон раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва итттиҳодияҳои байнипарлумонӣ интихоб намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масоили аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб шуд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли гузашта бинобар сабаби ба мансабҳои давлатии нахуствазири ҷумҳурӣ таъин шудани муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода ва раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ таъин гардидани муовини раиси Маҷлиси миллӣ Қодири Қосим онҳо ваколатҳои худ дар палатаи болоии парлумонро супурда буданд.



