Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Оғози кори иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум дар Душанбе. Оғоз соати 09:00;

– Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе (кӯч. М.Турсунзода, 28) оид ба масоили муҳими омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон конфронси байнулмилалии илмиву амалӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ таҳти унвони «Рушди минтақаҳо» симпозиум баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

– Дар дафтари кории Барномаи рушди СММ (кӯч. Айнӣ, 39) бахшида ба Рӯзи байнулмилалии бидуни табъиз мизи гирд барпо мешавад. Оғоз соати 09:45;

– Дар толори конфронси бинои «Вефа-Сентр» ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи мубориза бо табъиз чорабиниҳо гуногун созмон дода мешаванд;

– Дар бинои «Тоҷикматлубот», ошёнаи 6-ум ба муносибати оғози лоиҳаи нави «Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии маҳбусон ва собиқ маҳбусон дар Тоҷикистон» конфронси матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00.

 



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8059

сомонӣ;


1

евро

– 6.5480

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1343

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


2000

– Маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати дуюм баргузор шуд.


2005

– Маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати сеюм баргузор шуд.


2008

— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон»-ро қабул кард.


1933

– Зодрӯзи Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.


1941

– Мавлуди доктори улуми филология, профессор, арбоби давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.


1963

– Зодрӯзи рӯзноманигор, нависанда Гули Зард.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот (борон, барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогона туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона -3-8.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона 0+5.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  шабона баъзан боришот (борон, барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогона туман.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1-6, рӯзона +2+7;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -2-7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот (борон, барф).   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

 Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.   


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6.

spot_imgspot_img

Популярное