Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи китоби нашрияҳои фаронсавӣ

Тоҷикистон бори нахуст дар Намоишгоҳи китоби нашрияҳои фаронсавии забони байналмилалии – Foire du livre de Bruxelles, ки  аз 20 то 24 феврали соли 2014 дар шаҳри Брюссел доир гардид, иштирок кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар гӯшаи Тоҷикистон як доираи васеи адабиёт оид ба мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмӣ-оммавӣ ва […]



Тоҷикистон бори нахуст дар Намоишгоҳи китоби нашрияҳои фаронсавии забони байналмилалии – Foire du livre de Bruxelles, ки  аз 20 то 24 феврали соли 2014 дар шаҳри Брюссел доир гардид, иштирок кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар гӯшаи Тоҷикистон як доираи васеи адабиёт оид ба мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмӣ-оммавӣ ва тасвирӣ, махсусан ба забони фаронсавӣ, ки дар давоми ду соли охир аз ҷониби намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Брюссел ба нашр расид, муаррифӣ гардид.

Намоишгоҳи китоби нашрияҳои фаронсавии забони байналмилалии – Foire du livre de Bruxelles рӯйдоди муҳимтарини сол дар фаъолияти нашрияҳои забони фаронсавии ҷаҳон мебошад, ки аз соли 1969 барпо мешавад. Имсол намоишгоҳ дар маркази Tour & Taxis-и Брюссел баргузор шуда,  китобҳои 925 нафар муаллифон аз саросари ҷаҳон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Санаи 24 феврал Рӯзи махсуси муаррифии Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он ба иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ дар бораи Тоҷикистон, таърих, сиёсат, фарҳанг ва имкониятҳои ҷаҳонгардӣ маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев дар бораи ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, татбиқи барномаҳои созанда, иқтидори иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, саноатӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии давлат андешаҳояшро баён кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.