Г.Сафиева: Мурофиаи судии зиёиён мудҳиштарин чизест, ки дар таърих боқӣ мемонад

– Чизи мудҳиштарин дар мурофиаи судии зиёиён нисбати «Азия-Плюс» он аст, ки ин воқеъа дар таърих боқӣ мемонад ва барои наслҳои мо хандаовар хоҳад буд, – изҳор намуд ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин қазия Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мурофиаи судии мазкур ҳамчунин чизи дигари ҳайратовар он аст, […]



– Чизи мудҳиштарин дар мурофиаи судии зиёиён нисбати «Азия-Плюс» он аст, ки ин воқеъа дар таърих боқӣ мемонад ва барои наслҳои мо хандаовар хоҳад буд, – изҳор намуд ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин қазия Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мурофиаи судии мазкур ҳамчунин чизи дигари ҳайратовар он аст, ки умуман барои дорои ҳуқуқи зиёӣ будан масъаларо ба баррасии суд мекашанд.

«Тааҷҷубовар аст, ки чӣ гуна барои дорои ҳуқуқи зиёӣ будан дар суд метавон мубориза бурд? Ин даҳшат аст. Гузашта аз ин, маро нархи зиёӣ – 30 ҳазор сомонӣ ба ҳайрат меорад, ки ин ҳам хандаовар аст. Танҳо дар замони зиндагонии мо ва танҳо дар ҷомеаи мо метавон бо ин гуна вазъ дучор шуд», – мегӯяд шоира.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳамчунин зикр кард, ки муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина рӯзноманигори хеле бовиҷдону шоиста ва ҷасур аст, ки силоҳаш қалами бурро мебошад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврал суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» қарор содир намуда, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Адвокати газетаи «Азия-Плюс» Иноят Иноятов дар мавриди қарори суд нисбати газета ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳор намуд, ки ҷониби ҳимоя қарори судро

ғайриқонуниву беасос

шуморида, бар ин назар аст, ки он ба ҳолатҳои воқеъии қазия мувофиқ нест ва судя Ҷобирова парвандаро якҷонибаву рӯякӣ баррасӣ намуда, усули мурофиавии воқеъбинӣ ва беғаразиро риоя накардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.