Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар бораи санҷиши шиносномаҳо, ки қариб нимашаби 27-уми феврал аз ҷониби корманди милиса дар манзили зисташ сурат гирифтааст, хабар медиҳад. Адвокат бар ин назар аст, ки ин амал идомаи таҳдидҳои қаблан ба унвони ӯ расида мебошад.
Дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook Шуҳрат Қудартов дар ин бора чунин навиштааст: «Чанде қабл як корманди милиса ба хонаам омада, худро нозири минтақавӣ муаррифӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ шаҳодатномаи корманди милиса буданашро нишон надода, изҳор кард, ки айни замон дар шаҳр реҷаи санҷиши шиносномаҳо ҷорӣ буда, ӯ бояд ҳамаи ҳамаи шахсони дар манзили мо иқоматдоштаро номнавис кунад. Ба саволи кай ва бо кадом супориш ҷорӣ шудани реҷаи санҷиши шиносномаҳо ӯ посух гуфта натавонист. Пас аз рад шудани номбар кардани шахсони дар хона иқоматдошта аз ҷониби ман, изҳор намуд, ки маро хуб мешиносад, аз куҷову чикора будани ман огоҳ аст ва сипас гуфт, ки ба наздикӣ барои ман мушкилиҳо пайдо мешаванд ва вақте ки ман ҳатман ба ӯ муроҷиат мекунам, он замон ӯ ба ман кумак нахоҳад кард».
Адвокат қайд мекунад, ки ӯ таваҷҷуҳи корманди милисаро ба вақти гузаронидани «санҷиши шиносномаҳо» – 22:30 дақиқаи шаб ҷалб намудааст.
«Аз назарам дур намонд, ки то манзили мо омадан ӯ ба ягон хонаи дигар нарафтааст, зеро варақи дар дасташ буда барои номнавис кардан тозаву холӣ буда, пас аз суҳбат бо оилаи мо умуман рафт. Бовар карданӣ нестам, вале фикр мекунам, ки ин идомаи ҳамон смс-таҳдидҳо ва тарсонидани ман аст. Онҳо аз чӣ ҳарос дошта бошанд ё «дӯсти ман», ки ба изҳороти мо дар бораи смс-таҳдидҳои расида ба мо посух гуфтанист, аз чӣ метарсида бошад. Ба ин савол мо ба наздикӣ посух дарёфт хоҳем кард», – менависад адвокат.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл Шуҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров, вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда нисбати раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб як
изҳорот
интишор намуданд. Дар изҳорот онҳо дар бораи ба унвонашон расидани таҳдидҳо тавассути смс (паёмак)-ҳо хабар дода буданд.



