Иди Наврӯз дар Душанбе шаршараи 22-метра ба кор медарояд

Рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе шаршараи 22-метра ба кор медарояд. Шаршараи сунъӣ дар қаламрави боғи нави шаҳрии «Наврӯзгоҳ» ба истифода дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ин шаршара нусхаи дақиқи шаршараи маъруфи Сари Хосор аст, ки дар қаламрави ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон воқеъ аст. Қобили […]

Аваз Юлдошев



Рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе шаршараи 22-метра ба кор медарояд. Шаршараи сунъӣ дар қаламрави боғи нави шаҳрии «Наврӯзгоҳ» ба истифода дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, ин шаршара нусхаи дақиқи шаршараи маъруфи Сари Хосор аст, ки дар қаламрави ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон воқеъ аст.

Қобили зикр аст, ки боғи нав дар пойтахт бо майдони 12 гектар дар остонаи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор мегирад. Он дар атрофи собиқ ипподром бунёд гардида, дар мақомоти шаҳрдорӣ изҳор намуданд, дар боғ барои сокинону меҳмонони Душанбе «бисёр чизҳои ғайриоддиву ҷолиб» омода шудаанд.

Боғи нав аз ҳисоби воситаҳои буҷети шаҳри Душанбе қомат меафрозад. Рӯзи ифтитоҳи боғ ҳукуматдорони шаҳр дар бораи маблағи мушаххаси хароҷот барои сохтани он маълумот хоҳанд дод.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола аз 21 то 24-уми март дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.