Сафири Қирғизистон ба Душанбе бармегардад

Ҳайати комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ таҳти сарварии муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя Токон Мамитов рӯзи якшанбе, 2-юми март ба Душанбе меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ба ҳайати Қирғизистон ҳамчунин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев низ шомил аст, ки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи […]

Аваз Юлдошев



Ҳайати комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ таҳти сарварии муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя Токон Мамитов рӯзи якшанбе, 2-юми март ба Душанбе меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ба ҳайати Қирғизистон ҳамчунин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев низ шомил аст, ки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми март дар марзи давлатии кишварҳо ба Бишкек бозхонда шуда буд.

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ рӯзи 3-юми март дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар ҷаласаи комиссия Тоҷикистонро муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ва аъзои гурӯҳи корӣ оид ба ҳалли мушкилоти марзӣ – ёвари президент оид ба масоили таъмини амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров ва вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев намояндагӣ мекунанд.

Ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба масоили марзӣ миёни Душанбеву Бишкек пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз, ки бар асари он 2 нафар марзбонони тоҷик ва 6 нафар намояндагони Қирғизистон захмӣ шуданд, фаъол шуд.

Вохӯрии охирини Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов санаи 14-уми феврал дар шаҳри Бишкек доир гардида, ҷонибҳо масоили истифодаи роҳҳо ва қитъаҳои замини наздимарзӣ ва ҳамчунин масоили марбут ба гузаргоҳҳои марзиро баррасӣ карда буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳайати Қирғизистон таклифҳо оид ба ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои ҳаллу фасли мушкилотро пешниҳод намуд. Дар навбати худ ҳайати Қирғизистон изҳор дошта буд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин пешниҳодҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, тариқи роҳҳои дипломатӣ хулосахои худро ба ҷониби Тоҷикистон ирсол мекунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.