Фермерҳои Чин заминҳои лалмии Қумсангирро ба иҷора гирифтанианд

Фермерҳои Чин, ки дар Тоҷикистон машғули коранд, бо мақсади васеъ кардани майдони кишт аксаран заминҳои лалмӣ дар ноҳияи Қумсангирро ба иҷора гирифтанианд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, айни замон фермерони ягона хоҷагии фермерии дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи Чин – хоҷагии ёрирасони ҶСК «Тсинян Инхай» дар майдони 280 гектари заминҳои Тоҷикистон кор […]



Фермерҳои Чин, ки дар Тоҷикистон машғули коранд, бо мақсади васеъ кардани майдони кишт аксаран заминҳои лалмӣ дар ноҳияи Қумсангирро ба иҷора гирифтанианд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, айни замон фермерони ягона хоҷагии фермерии дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи Чин – хоҷагии ёрирасони ҶСК «Тсинян Инхай» дар майдони 280 гектари заминҳои Тоҷикистон кор мекунанд.

«Фермерони чинӣ тадриҷан майдони кишти заминҳои иҷораро зиёд карданианд ва ҳоло дар майдони 99 гектари заминҳои ноҳияи Румӣ ва 181 гектар заминҳои ноҳияи Ёвон ба киштукор машғуланд, ки дар 122 гектари заминҳо дар ноҳияи Ёвон пахта кишт шуда, тухмиаш аз Чин оварда мешавад. Ин заминҳо ба онҳо ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шудааст», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳосили аз ин қитъаҳои замин бадастомада бо хоҳиши хоҷагиҳои фермерӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ фурӯхта мешавад. «Алҳол дархости чиниҳо бобати дастрасӣ ба заминҳои иловагӣ қонеъ нашуда, ояндаи наздик ин масъала бо намояндагони хоҷагиҳои фермерӣ баррасӣ мешавад», – шарҳ доданд дар Вазорат.

Дар Вазорати мазкур аз додани маълумоти мушаххас дар бораи шартҳои иҷораи замин бо ширкати чинӣ ва арзиши иҷораи 1 гектар замин барои онҳо худдорӣ варзиданд.  

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади рушди бахши аграрии кишвар тарҳи ба фермерони Чин ба иҷора додани ҳудуди 500 гектар заминҳои Тоҷикистонро маъқул шуморида буд. Он замон ба чиниҳо дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Абдураҳомони Ҷомӣ – 150 гектар, ноҳияи Ёвон – 150 гектар ва ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – 185 гектар ҷудо кардани қитъаи замин дар назар буд.

«Барои ин намояндагони Чин ҳудуди 2 млн. доллари ИМА мустақиман сармоягузорӣ намуда, технологияҳои нав ворид месозанд ва барои барқарор кардани ҳосилнокии заминҳо кумаки техникӣ низ мерасонанд, зеро дар ин минтақаҳо заминҳо аз кишт монда, ҳолати мелиоративиашон қаноатбахш нест», – изҳор дошта буданд он замон дар Вазорати кишоварзӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.