Идораи роҳи оҳани Тоҷикистонро Комил Мирзоалиев ба роҳбарӣ гирифт

Асадулло Зойиров, ки аввали моҳи феврал ба вазифаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъин шуда буд, муддати як моҳ ҳам сари ин мансаб намонда, ба истеъфо рафт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, Зойиров бо хоҳиши худаш аз кор рафта, дар ин вазифа ӯро муовини аввалаш Комил Мирзоалиев иваз кардааст. […]



Асадулло Зойиров, ки аввали моҳи феврал ба вазифаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъин шуда буд, муддати як моҳ ҳам сари ин мансаб намонда, ба истеъфо рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, Зойиров бо хоҳиши худаш аз кор рафта, дар ин вазифа ӯро муовини аввалаш Комил Мирзоалиев иваз кардааст. «Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин шудани акнун собиқ сардори корхона А.Зойиров алҳол ҳаллу фасл нашуда, ӯ дар ихтиёри шуъбаи кадрҳо қарор дорад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4-уми феврали соли ҷорӣ собиқ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло «бинобар сабаби ба нафақа баромадан» аз мансаб сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ Асадулло Зойиров сардори корхона таъин шуд, ки дар қитъаи роҳсозии Қӯрғонтеппа кор мекард.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл муовини аввали раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов ҳам бо хоҳиши худаш ба нафақа баромада, ба ҷойи ӯ Комил Мирзоалиев таъин шуда буд, ки феълан роҳбарии корхонаро бар дӯш гирифт. То таъин шудан ба мансаби муовини сардори Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Комил Мирзоалиев ба ҳайси директори меҳмонхонаи «Гостевой дом Таджикистана» дар шаҳри Маскав ифои вазифа мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.