Рустами Эмомалӣ ҳайати Хадамоти гумрукро нав мекунад

Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ба азнавсозии густардаи ҳайати кормандони худ шурӯъ мекунад. Чанд рӯз қабл дастгоҳи Хадамоти гумрук дар бораи ишғоли беш аз 60 вазифаҳо дар сохтори хадамот озмун эълон кард. Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумрук Ҳумайрои Ашӯр ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қабул ба кор дар хадамоти гумрук бар […]



Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ба азнавсозии густардаи ҳайати кормандони худ шурӯъ мекунад. Чанд рӯз қабл дастгоҳи Хадамоти гумрук дар бораи ишғоли беш аз 60 вазифаҳо дар сохтори хадамот озмун эълон кард.

Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумрук Ҳумайрои Ашӯр ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қабул ба кор дар хадамоти гумрук бар асоси натиҷаҳои озмун бори нахуст сурат мегирад. Талаботи асосӣ ба довталабон – таҳсилоти олӣ-касбии ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ва фаъолияти гумрукӣ, донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад) ва қобилияти кор бо технологияи иттилоотиии замонавӣ мебошад. Синни довталаб набояд аз 35-сола боло бошад.

«Бо супориши раҳбарияти нав ба кор дар хадамоти гумрук асосан ҷавонони қобилиятнок ва донандаи ҳадди ақал ду забон ҷалб шуда, ҳамчунин ба таври истисно бидуни озмун ба кор дар хадамоти гумрук хатмкардагони Академияи гумруки Русия, ки дар асоси шартномаи тарафайни мақомоти гумруки ҳарду кишвар таҳсил кардаанд ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қабул шуда метавонанд», – шарҳ дод Ҳ.Ашӯр.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз коршиносон азнавсозии ҳайати кормандони хадамотро ба чанде қабл ба гумони ришваситонӣ ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шудани ду нафар мансабдори воломақоми хадамоти гумрук рабт медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз рӯйи далели гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ду корманди воломақоми Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ-ро ба ҳабс гирифтанд.

Сардори гузаргоҳи гумрукии «Терминал»-и хадамот дар шаҳри Душанбе Анвар Ҳоҷиев ва сардори гузаргоҳи гумрукии «Регар»-и хадамот дар шаҳри Турсунзода Шарифхон Носиров барои мусоидату кумак ҷиҳати ба кор қабул шудан ба хадамоти гумрук аз як шаҳрванди ҷумҳурӣ 15 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардаанд. Ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 13 ҳазор доллари ИМА Ш.Носиров дастгир шуд.

Пас аз ин муовини аввали сардори Хадамоти гумрук Ашӯралӣ Мирзоев аз мансаб барканор шуд, вале дар хадамот аз шарҳи робита доштани ҳодисаи боздошт бо аз мансаб сабукдӯш шудани Мирзоалиев худдорӣ намуда буданд.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи нобяри соли гузашта писари калонии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон – Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуд. Дар ин мансаб ӯ Гурез Зариповро иваз кард, ки ба нафақа баромад.

Фаъолияти кории худро дар Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ аз вазифаи сардори Раёсати мубориза бо қонуншинканиҳои гумрукӣ оғоз карда, сипас ба ҳайси муовини сардори Хадамоти гумрук ифои вазифа карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.