Нигаронии намояндагии ИА аз қарори суд нисбати «Азия-Плюс»

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбати рӯзномаи «Азия Плюс» ва муҳаррири он изҳори нигаронӣ намуда, боварӣ бар он дорад, ки чунин қарор метавонад ба риояи озодии васоити ахбори умуми кишвар монеъ гардад. Дар ин бора дар изҳороти расмии Наммояндагии ИА дар Тоҷикистон иттилоъ дода шуда, таъкид мегардад, […]

ASIA-Plus



Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбати рӯзномаи «Азия Плюс» ва муҳаррири он изҳори нигаронӣ намуда, боварӣ бар он дорад, ки чунин қарор метавонад ба риояи озодии васоити ахбори умуми кишвар монеъ гардад. Дар ин бора дар изҳороти расмии Наммояндагии ИА дар Тоҷикистон иттилоъ дода шуда, таъкид мегардад, ки Намояндагӣ изҳороти мазкурро бо ризогии Сарони сафоратҳои ИА дар Тоҷикистон дарҷ менамояд.

«Намояндагии ИА ҳамчунин аз мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки Тоҷикистон тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалии ба зимма гирифтаи худ озодии суханро риоя ва пешбарӣ намояд», – баён мегардад дар изҳорот.

Намояндагии Итттиҳоди Аврупо ҳамчунин омодагии ҳамешагии худ ба ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии озодиҳои васоити ахбори умумро низ изҳор мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.