Хатлон: Баррасии мушкилоти бахши тандурустӣ дар ҷаласаи назди раиси вилоят

Дар як ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов мушкилоти соҳаи тандурустии вилоят мавридӣ баррасӣ қарор гирифтааст. Бино ба итилои шуъбаи таҳлилию итилоотии дастгоҳи раиси вилоят, дар ин ҷаласа, ки имрӯз 28-уми феврал сурат гирифт, вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Нусратулло Файзулло, сардорони раёсатҳои соҳаи тандурустӣ, марказҳои саломатӣ, сардухтурони беморхонаҳои вилоятию шаҳрӣ ва навоҳии […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Дар як ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов мушкилоти соҳаи тандурустии вилоят мавридӣ баррасӣ қарор гирифтааст.

Бино ба итилои шуъбаи таҳлилию итилоотии дастгоҳи раиси вилоят, дар ин ҷаласа, ки имрӯз 28-уми феврал сурат гирифт, вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Нусратулло Файзулло, сардорони раёсатҳои соҳаи тандурустӣ, марказҳои саломатӣ, сардухтурони беморхонаҳои вилоятию шаҳрӣ ва навоҳии вилоят ҳузур доштаанд.

Дақиқан кадом мушкилиҳои соҳа мавриди баҳс ва таҳлили раиси вилоят ва вазир қарор гирифтаанд, маълум нест. Дар ин росто шуъбаи итилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят изҳори бехабарӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур танҳо роҳбарони  васоити ахбори умуми давлатии вилоят даъват шуда буданд.

Бояд ёдовар шуд, ки раиси вилоят моҳи декабри соли гузашта зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон  аз иҷро нашудани барномаи давлатии «Рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» изҳори нигаронӣ намуда, зикр карда буд, ки дар соли 2013 барномаи мазкур ҳамаги 36,2% иҷро шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.