Нимаи дуюми рӯзи 27-уми феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Идораи ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Федератсияи Русия Борис Ковалчукро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетикаи барқӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои мнабаъ, дар вохӯрӣ ба масоили вобаста ба фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва роҳҳои пардохти қарзи ширкати Барқи Тоҷик дар назди ин иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки, ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла барои сохтмони дигар иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон табодули назари судманд сурат гирифт.



