Ҳуҷуми занон ба дафтари кории ҲНИТ дар Кӯлоб

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ду зан назди қароргоҳи шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб сарусадо баланд карда, мехостанд ба баргузории ҷаласаи фаъолони ҳизб дар минтақа роҳ надиҳанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, рӯзи 27-уми феврал дар шаҳри Кӯлоб нишасти фаъолони ҳизб дар минтақа доир гашт, ки раҳбарияти ҳизб ҳам дар он ширкат дошт. Дар ҷараёни […]

ASIA-Plus



Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ду зан назди қароргоҳи шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб сарусадо баланд карда, мехостанд ба баргузории ҷаласаи фаъолони ҳизб дар минтақа роҳ надиҳанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, рӯзи 27-уми феврал дар шаҳри Кӯлоб нишасти фаъолони ҳизб дар минтақа доир гашт, ки раҳбарияти ҳизб ҳам дар он ширкат дошт. Дар ҷараёни нишаст ду зан назди бинои шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ғавғо бардошта, хостаанд, то бо ин амалашон монеъи гузаронидани нишаст шаванд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сармуҳаррири расонаҳои ҲНИТ, яке аз ширкатдорони ҷаласа гуфтааст, ин занонро Иброҳим Исмоилов, собиқ сарҳанги пулис, яке аз ходимони аршади «Фронти халқӣ» раҳбарӣ мекард ва ин «ҳуҷум» қаблан аз ҷониби доираҳои номаълум тарҳрезӣ шуда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли оқои Сайфуллоҳзода, масъулини шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб шуъбаи амният, прокуратура, ҳатто шуъбаи минтақавии ВКД-ро низ огаҳ буд, ки чунин як ҷаласа хоҳад гузаронд ва онҳо амниятро ба зимма бигиранд, ҳол он ки ҳеҷ кас аз масъулини ниҳодҳои фавқуззикр ба қароргоҳ ҳозир нашуд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода иброз доштааст, ки занони ҷамъомада дар Кӯлоб натавонистанд ба мақсад бирасанд ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо хоҳиши Иброҳим Исмоилов ӯро барои як суҳбати кӯтоҳ пазируфт. «Бо вуҷуди ин маълум нашуд, ки эшон чӣ мехоҳанд, ба ҷуз ин ки гуфтанд, дар Кӯлоб зарурати доир кардани чунин як ҷаласа нест. Бо вуҷуди ин онҳо то охири нишаст ба амали худ идома доданд, то ҷаласаро барҳам зананд, аммо муваффақ нашуданд», – афзуд Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода.

Қобили зикр аст, ки усули мазкури эҷод кардани монеъа дар ростои кори аҳзоб қаблан нисбат ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон роҳандозӣ гашт, ки бо ин сабаб раҳбарияти ҲСДТ натавонист ду чорабинии худро доир намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.