Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ судяи Суди олии ҷумҳурӣ Маҳмадисо Саидовро аз вазифааш бозхонд.
Ёвари сарвари давлат оид ба масоили ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори президент дар ҳарду палатаи парлумон Ҷумъа Давлатов дар ин робита ба аъзои Маҷлиси миллӣ иттилоъ дод, ки Маҳмадисо Саидов бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш аз ин мансаб бозхонда мешавад.
Аз Суди олии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар доданд, ки аввали моҳи феврал Маҳмадисо Саидов раиси суди шаҳри Турсунзода таъин карда шудааст.



