Арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои ММТ 150 сомонӣ муайян шуд

Ахиран дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҶТ Ситора Назарова хабар дод, маблағи мазкур барои хароҷоти интиқоли ҳуҷҷатҳо ба марказҳои имтиҳонсупорӣ, ташкили посбонӣ ва дигар хизматрасониҳо зарур аст. Бояд гуфт, ки […]



Ахиран дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҶТ Ситора Назарова хабар дод, маблағи мазкур барои хароҷоти интиқоли ҳуҷҷатҳо ба марказҳои имтиҳонсупорӣ, ташкили посбонӣ ва дигар хизматрасониҳо зарур аст.

Бояд гуфт, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида довталабон бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ки рӯйхат бо нишониҳои онҳо дар сомонаи марказ (

www.ntc.tj

)  ҷойгир шудааст, маблағи муайяншударо супоранд ва расид (квитансия) дар бораи пардохтро ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар саросари кишвар аллакай 20 маркази бақайдгирии доваталабон таъсис дода шуда, ба қайдгирии довталабон 1-уми март оғоз мегардад ва то 15-уми апрел идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки 20-уми декабри соли гузашта  бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази миллии тестӣ (ММТ)

ифтитоҳ ёфт.

Ин бинои сеошёна аз ду қисмат иборат буда, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст.

Чанде қабл Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

бароварда шуда

, ба Муассисаи давлатии назди президенти Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳамзамон дар мақомоти раҳбарии Марказ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Хуршед Тешаев роҳбари Марказ ва Савзалӣ Ҷаъфаров муовини ӯ таъин карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.