Ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар ҶТ Казуя Суэта ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо ин Агентӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, густариши ҳамкории судманд байни Агентӣ […]



Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар ҶТ Казуя Суэта ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо ин Агентӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, густариши ҳамкории судманд байни Агентӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ба курсҳои омӯзишии JICA бештар фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, роҳандозии барномаҳои дигари таълимӣ аз мавзуъҳои асосии мулоқоти дуҷониба буданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба тадбирҳое, ки баъди узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар кишвар анҷом дода мешаванд ва дар ин замина бештар тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, афзун намудани иқтидори содиротии кишвар, алалхусус, дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркард ибрози назар намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.