АНМН: Ошкор шудани ду ҷинояти марбут ба мухаддирот дар Суғд

Чанде қабл кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар микрорайони 12 шаҳри Хуҷанд сокини 35-солаи маҳаллӣ О.Р. дастгир карда шуд, ки кормандони оперативӣ аз ӯ маводи нашъаовари гашишро дар ҳаҷми […]



Чанде қабл кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар микрорайони 12 шаҳри Хуҷанд сокини 35-солаи маҳаллӣ О.Р. дастгир карда шуд, ки кормандони оперативӣ аз ӯ маводи нашъаовари гашишро дар ҳаҷми калон ошкор намуданд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ ҳаммаслаки ин ҷиноят сокини 55-солаи Хуҷанд дастгир карда шуд. Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки ӯ пештар се маротиба суд шуда будааст – бори аввал соли 1980 барои авбошӣ, соли 1983 боз барои авбошӣ, бори сеюм – соли 2002 барои даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.

Боздошти дуюм 25 феврал ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳи нақлиётии “Роҳи Абрешим” дар микрорайони 34-и шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид, ки дар рафти азназаргузаронии шахсӣ аз сокини 48-солаи ноҳияи Мастчоҳ маводи мухаддири афюн бо вазни 3 килову 389 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.