Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

ASIA-Plus



Анонс


– Дар бинои Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон соати 09:00 оид ба ҷорӣ шудани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад;

– Дар шабакаи телевизионии «Сафина» бахшида ба озмуни байнулмилалӣ миёни сарояндагони форсизабон «Ҷило-2014» нишасти матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 15:00;

– Рӯзҳои 4-8-уми март дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳ-ярмаркаи XVI-уми туҳфаҳо ва сайёҳии «Тоҷикистон-2014» барпо мешавад.

– Аз 4 то 12-уми март дар Бангкок (Таиланд) Чемпионати Осиё оид ба вазнбардорӣ миёни наврасон доир мегардад. Дар он барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи II-юми наврасон, ки дар Нанкин (Чин) баргузор мешавад, низ қувваозмоӣ сурат мегирад. Ҳайати дастаи Тоҷикистон: Суннатулло Ойев, Абдуҳаким Худойбердиев, мураббӣ Низом Сангов.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8071

сомонӣ;


1

евро

– 6.5092

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.133


5



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1940

– Бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ба театри давлатии академиву драмавии шаҳри Душанбе номи Владимир Маяковский гузошта шуд.


2010

— Ҳизби демократ аз ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шуд.


1875

– Зодрӯзи адиб, журналист ва маорифпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ.


1936

– Мавлуди журналист Тулфор Қадамов.


1947

– Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Сафарбек Раҳимов.


1949

– Мавлуди сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳромов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +1+6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +4+9.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -16-21, рӯзона -1-6.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

 Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +17+19.   


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +6+8.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...