Кабирӣ: Ҳодисае, ки дар Украина ҳоло рух медихад, дер ё зуд дар ОМ ҳам мешавад

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳидддин Кабирӣ мегӯяд, ҳодисае, ки имрӯзҳо дар Украина рӯх медиҳад, дер ё зуд бояд рӯх медод. Ӯ мутмаин аст, ки ҳодисаи ҳамсон дар Осиёи Марказӣ рӯх медиҳад. “Чунин “инқилобҳо” дар кишварҳои рӯ ба афзоиш, ба монанди Гурҷистион, Қирғизистон ва Украина сар мезананд, чун ҳамаи онҳо мушкилоти ягона доранд – фақр […]

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳидддин Кабирӣ мегӯяд, ҳодисае, ки имрӯзҳо дар Украина рӯх медиҳад, дер ё зуд бояд рӯх медод. Ӯ мутмаин аст, ки ҳодисаи ҳамсон дар Осиёи Марказӣ рӯх медиҳад.

“Чунин “инқилобҳо” дар кишварҳои рӯ ба афзоиш, ба монанди Гурҷистион, Қирғизистон ва Украина сар мезананд, чун ҳамаи онҳо мушкилоти ягона доранд – фақр ва диктатура”, – гуфт Кабирӣ.

Муҳиддин Кабирӣ бар он назар аст, ки Виктор Янукович аз иштибоҳи раисиҷумҳурони қаблӣ дарси ибрат нагирифт. “Виктор Ющенко- раисҷумҳури пешинаи Украина мардона рафт, аммо Янукович тамоми қудратро барои худ истифода бурд. Мардуми огоҳ ва бедори Украина дигар барои худ дар чунин шароит зиндагӣ карданро таҳқир медонистанд. Ин ҳолат барои кишварҳои дигар бояд ибрат шавад. Раҳоӣ аз ин ҳодиса танҳо забон ёфтан бо мардум, интихобти озод ва ислоҳоти ҷомеъа мебошад”, – мегӯяд ӯ.

https://www.youtube.com/watch?v=Rg8oEnCANqQ

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.