ҲНИТ бори дигар КДАМ ва шабакаҳои телевизиониро ба суд медиҳад

Аваз Юлдошев



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз бори навбатӣ аз болои Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ ва ҳамҷавобгар дар симои Маҳмадуллло Холов ба суд шикоят мебарад.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи феврал ду маротиба бо баҳонаҳои гуногун қабули даъвои ҳизб нисбати КДАМ ва шабакаҳои телевизиони давлатиро рад намуд.

«Масалан, суд бо он баҳона аризаи моро қабул накард, ки КДАМ сохтори қудратист ва даъво нисбати онро судҳои ҳарбӣ баррасӣ мекунанд», – иброз дошт Ҳайит.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки имрӯз аризаи даъвогӣ нисбати КДАМ ҶТ ба суди гарнизони ҳарбии гарнизони Душанбе ва нисбати Кумитаи телевизиону радио ва ҳамҷавобгар Маҳмадулло Холов ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод мегардад.

Ёдрас мекунем, ки 20-уми феврали соли равон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Кумитаҳои амният, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид.

Дар аризаи даъвогии ҲНИТ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе омадааст, «…дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мо дида истодаем, ки давлат дар симои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», Телевизиони давлатии «Шабакаи аввал» ва ҳамҷавобгар Маҳмадулло Холов аз беамалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қисми 2-и моддаи 73, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон, фармону амрҳои президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад», ҳуқуқи озодиҳои мо, ки дар моддаи 28-и Сарқонун оид ба муттаҳид шудан мавҷуд аст, поймол намуда истодааст.

Ҳамзамон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тавассути ин аризааш аз додгоҳ хоҳиш намудааст, то Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамҷавобгарон Маҳмадулло Холов, Кумитаи Телевизион ва радио, ҳамчунин шабакаҳои телевизионии номбурда «уҳдадор карда шаванд, ки ташвиқоту тарғиботи фаъолияти зиддиҳизбӣ нисбат ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон оғоз ва давом додаашон қатъ ва раддия оид ба он пахш намоянд, ки «Холов Маҳмадулло ҳеҷ вақт узви ҲНИТ набуд…».

Бояд гуфт, шоми 7 феврали соли равон шабакаҳои телевизионии давлатии Тоҷикистон навореро пахш намудаанд ва дар он Маҳмадулло Холов, як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҳисор, ки дар ноҳияи Исфара бо як зан издивоҷ намуда, ба табибӣ машғул будааст, иқрор гашт, ки ба номуси ду духтарандараш расидааст. Ҳамчунин шабакаҳои телевизонӣ бо нишон додани як корти тақаллубии узвияти ҲНИТ мавсуфро узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҲНИТ дар пайи ифшо намудани тақаллубкории мақомот узви ҳизб будани М. Холовро рад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...