Оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба марги маҳбус

Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи марги маҳбуси зиндони №1-и шаҳри Душанбе Зафар Хислатов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Намояндаи дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон Раҷабмо Бадриддинова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 3-юми март Зафар Хислатов худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст. «Мо бо сардори зиндони мазкур суҳбат кардем ва ӯ далели […]

ASIA-Plus



Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи марги маҳбуси зиндони №1-и шаҳри Душанбе Зафар Хислатов парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Намояндаи дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон Раҷабмо Бадриддинова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 3-юми март Зафар Хислатов худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.

«Мо бо сардори зиндони мазкур суҳбат кардем ва ӯ далели марги Хислатовро тасдиқ кард, вале алҳол сабаби даст ба худкушӣ задани маҳбус маълум нест. Аз рӯйи ин далел Прокуратураи генералӣ парванда оғоз намуда, тафтишот сабабҳои ба ин амал даст заданӣ ӯро таҳқиқ хоҳад кард», – иброз дошт ӯ.

Дар дастгоҳи Омудсмен ҳамчунин зикр карданд, ки алҳол фарзияи дар натиҷаи шиканҷа ё ягон фишор даст ба худкушӣ задани Хислатов баррасӣ намешавад, зеро аз ҷониби хешовандону наздикон ва ё шиносҳову шоҳидон дар ин бора ариза пешниҳод нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.