Бозори «Самарқандак» рӯзҳои наздик дубора ба кор оғоз мекунад

Рӯзи шанбеи ҳафтаи равон, 8-уми март бозори «Самарқандак» дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, дубора ба фаъолият оғоз мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ин бозор соҳибкорони тоҷику қирғиз фаъолият дошта, пас аз имрӯз боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти он аз […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи шанбеи ҳафтаи равон, 8-уми март бозори «Самарқандак» дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, дубора ба фаъолият оғоз мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ин бозор соҳибкорони тоҷику қирғиз фаъолият дошта, пас аз имрӯз боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти он аз нав барқарор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кишвари ҳамсоя якҷониба гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро баст. Мутаносибан дастрасии соҳибкорони тоҷик ба ин бозор қатъ гардида, соҳибкорони қирғиз ба мушкили ба кӣ фурӯхтани чорво ва хушкмеваашон дучор шуданд.

Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, баста шудани бозор ба коҳиши босуръати нархи чорво ва хушкмеваи қирғизҳо ва ҳамзамон болоравии босуръати маҳсулоти ғизойӣ, пеш аз ҳама орд ва дигар маводи ғизойӣ, ки онҳоро дар бозор соҳибкорони тоҷик таъмин мекарданд, оварда расонид.

Қобили зикр аст, ки бозори наздимарзии «Самарқандак»зиёда аз даҳ сол қабл ифтитоҳ гардида, дар он бо асъори миллии Тоҷикистону Қирғизистон хариду фурӯш сурат мегирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.