Токон Мамитов хабари ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзиро рад кард

Ҳукумати Қирғизистон алҳол дар бораи боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба қарори ниҳоӣ нарасидааст. Дар шарҳи маълумот дар бораи рӯзҳои 5-7-уми март боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов ба АКИpress иброз доштааст, ки «ин тавр нест». Ба гуфтаи муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя, Тоҷиистон муддати зиёдест, ки ба ҳуқумати Қирғизистон […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Қирғизистон алҳол дар бораи боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба қарори ниҳоӣ нарасидааст.

Дар шарҳи маълумот дар бораи рӯзҳои 5-7-уми март

боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ

бо Тоҷикистон муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов ба АКИpress иброз доштааст, ки «ин тавр нест».

Ба гуфтаи муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя, Тоҷиистон муддати зиёдест, ки ба ҳуқумати Қирғизистон бо дархости боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ муроҷиат мекунад. «Аммо ҳукумати Қирғизистон ҳоло ба қарори ниҳоӣ нарасидааст. Ин масъала айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад», – гуфтааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбе аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз, 5-уми март Қирғизистон ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро боз мекунад.

Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи равон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе ҷонибҳо дар ин бора тавофуқ ҳосил карданд.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду нафар марзбони тоҷик ва 6 нафар намояндагони Қирғизистон захм бардоштанд, кишвари ҳамсоя якҷониба тамоми гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро баста буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.