Аввали моҳи март шумори тоҷикистониён дар Русия – 1 млн. 34 ҳазор нафар

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷиро, ки ба аввали моҳи март дар қаламрави Русия қарор доштанд, интишор намуд. Маълумоти оморӣ оид ба шаҳрвандони 230 кишвар ва ҳамчунин афроди бидуни шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони бидуни мақоми муайян пешниҳод гардидааст. Бино ба маълумоти мазкур, ба ҳолати 2-юми марти соли 2014 ҳудуди 1 млн. 34 ҳазор […]

Пайрав Чоршанбиев



Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷиро, ки ба аввали моҳи март дар қаламрави Русия қарор доштанд, интишор намуд.

Маълумоти оморӣ оид ба шаҳрвандони 230 кишвар ва ҳамчунин афроди бидуни шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони бидуни мақоми муайян пешниҳод гардидааст.

Бино ба маълумоти мазкур, ба ҳолати 2-юми марти соли 2014 ҳудуди 1 млн. 34 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки тақрибан 854 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 180 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар муқоиса бо маълумот ба аввали моҳи декабри соли гузашта шумори шаҳрвандони тоҷики дар қаламрави Русия қарордошта тақрибан 77 ҳазор нафар (72 ҳазор нафар мардон ва 5 ҳазор нафар занон) кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, соли 2013 ҳудуди 800 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.

«Соли сипаришуда зиёда аз 964,5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 800 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 101 ҳазор нафар баробар аст», – қайд мекунанд дар хадамот.

Гуфта мешавад, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 788,5 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 8,6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.