Дар Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ҷорӣ мешаванд

ASIA-Plus



Додани шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёти механикӣ аз имрӯз оғоз мегардад.

Сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Назаралӣ Раҳматуллоев ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи талаботи Конвенсияи Венаи соли 1968 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва ислоҳоти солҳои 2004-2006 қабулнамудаи комитети нақлиётии Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзои Конвенсия дар қаламрави кишварашон бояд бланкаҳои шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ҷавобгӯй ба талаботи Конвенсияро ҷорӣ намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, санади намунаи нав аз шаҳодатномаҳои пешинаи оддӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо дорои сатҳи баланди ҳимоя ва андозаи нисбатан хурд мебошанд. Раҳматуллоев шарҳ дод, ки шурӯъ аз 5-уми март ба хатмкунандагони мактабҳои ронандагӣ низ шаҳодатномаҳои биометрӣ дода шуда, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд санади куҳнаро бо санади намунаи нав иваз намоянд. Дар маҷмӯъ, шаҳодатномаи ронандагии маъмулиро дар муддати 10 сол метавон ба шаҳодатномаҳои биометрӣ иваз намуд.

Намояндаи БДА зикр кард, ки барои шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ – 165 сомонӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёти механикӣ – 140 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.

«Санадҳои нав дар қаламрави тамоми кишварҳое, ки Конвенсияи Венаро ба имзо расонидаанд, ҳаққонӣ шуморида мешавад, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагии биометрии Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ки соли 2011 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуд, низ амал мекунад», – таъкид дошт Раҳматуллоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...