Дар Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ҷорӣ мешаванд

Додани шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёти механикӣ аз имрӯз оғоз мегардад. Сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Назаралӣ Раҳматуллоев ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи талаботи Конвенсияи Венаи соли 1968 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва ислоҳоти солҳои 2004-2006 қабулнамудаи комитети нақлиётии Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзои Конвенсия дар қаламрави […]



Додани шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёти механикӣ аз имрӯз оғоз мегардад.

Сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Назаралӣ Раҳматуллоев ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи талаботи Конвенсияи Венаи соли 1968 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва ислоҳоти солҳои 2004-2006 қабулнамудаи комитети нақлиётии Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзои Конвенсия дар қаламрави кишварашон бояд бланкаҳои шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ҷавобгӯй ба талаботи Конвенсияро ҷорӣ намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, санади намунаи нав аз шаҳодатномаҳои пешинаи оддӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо дорои сатҳи баланди ҳимоя ва андозаи нисбатан хурд мебошанд. Раҳматуллоев шарҳ дод, ки шурӯъ аз 5-уми март ба хатмкунандагони мактабҳои ронандагӣ низ шаҳодатномаҳои биометрӣ дода шуда, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд санади куҳнаро бо санади намунаи нав иваз намоянд. Дар маҷмӯъ, шаҳодатномаи ронандагии маъмулиро дар муддати 10 сол метавон ба шаҳодатномаҳои биометрӣ иваз намуд.

Намояндаи БДА зикр кард, ки барои шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ – 165 сомонӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёти механикӣ – 140 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.

«Санадҳои нав дар қаламрави тамоми кишварҳое, ки Конвенсияи Венаро ба имзо расонидаанд, ҳаққонӣ шуморида мешавад, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагии биометрии Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ки соли 2011 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуд, низ амал мекунад», – таъкид дошт Раҳматуллоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.