Хатлон: Нахуствазир ҷараёни иҷрои супоришҳояшро месанҷад

Турко Дикаев



Дар ҷараёни сафари кории дуюми имрӯз оғозгардидаи нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ӯ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб шинос шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов иттилоъ дод, сафари аввали нахуствазир ба минтақаи Кӯлоб рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ хеле пурмаҳсул анҷом пазируфт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 1 млн. сомонӣ маблағ ба ихтиёри шаҳр ворид гардида, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба амалисозии ду лоиҳа дар қитъаҳои дорои хатари селфароӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини Даҳана ва Ҳоҷӣ Исҳоқи ноҳияи Кӯлоб оғоз намуд. «Пас аз шиносоии бевосита бо рафти корҳо дар ин иншоот, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо ҷараёни корҳои барқароркунӣ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб пас аз сӯхтор низ аз наздик ошно мегардад», – иброз дошт номбурда.

Раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, корҳои сохтмону барқароркунӣ дар бозори мазкур то 16-уми март комилан ба анҷом расида, 635 нафар ҷабрдидагон муддати 1 сол аз пардохти ҳаққи ҳама гуна хизматгузориҳои бозор ва ҳамчунин аз пардохтҳои андоз дар давраи аз фаъолият бозмондан озод карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...