Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бахшида ба рӯзи «Иди модар», ҷиҳати эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷомадузӣ, ҷуроббофӣ ва ғайраҳо, ки занҳо онро дар хона низ ба анҷом расонида метавонанд, ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзноки бонкиро барои хонашинзанҳои ҳунарманд ба роҳ мондааст.
Хоҳишмандони дастрас кардани қарзҳои имтиёзнок метавонанд, ба наздиктарин филиали Амонатбонк муроҷиат намоянд.





