Баррасии масъалаи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ

Ҳафтаи оянда бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар кори конференсияи мазкур намояндагон аз Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, […]

ASIA-Plus



Ҳафтаи оянда бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар кори конференсияи мазкур намояндагон аз Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, мудофиа, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва олимони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, дар рафти конференсия мубодила ва музокираи афкор сурат гирифта, маърӯзачиён дар мавзӯъҳои проблемаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсон дар мурофиаи ҷиноятӣ,  инчунин дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл намудани онҳо баромад хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.