Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ мешавад

Дар  пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон – шаҳри Берлин чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014, 5 марти соли равон расман ба кор оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон, иштирокчии ин чорабинӣ аз Берлин хабар дод, дар ин намошгоҳ намояндагони беш аз 188 кишвар ҳузур доранд.  «Ин  ҳамоиши калонтарини туристии олам […]

ASIA-Plus



Дар  пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон – шаҳри Берлин чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014, 5 марти соли равон расман ба кор оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон, иштирокчии ин чорабинӣ аз Берлин хабар дод, дар ин намошгоҳ намояндагони беш аз 188 кишвар ҳузур доранд.

 «Ин  ҳамоиши калонтарини туристии олам то 10 марти соли ҷорӣ идома меёбад ва Тоҷикистонро дар он масъулини соҳа ва намояндагони як қатор ширкатҳои сайёҳӣ бо роҳбарии Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муаррифӣ менамоянд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Berlin як навъ макони асосии ба фурӯш баровардани маҳсулоти туристии давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристии назди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, намояндагони кишвари мо дар он соли ҳафтум аст, ки ширкат менамоянд.

«Дар доираи баргузории намоишгоҳ мулоқоти вазирони туризми мамлакатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор гардида, Конгресси калонтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон, ки аз соли 2004 якҷо бо ITB Berlin роҳандозӣ мешавад, барпо мегардад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.