Мукофотпулии раиси пойтахт ба занони масъул ба тозагии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт

Ба ифтихори Рӯзи модарон- 8-уми март  ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шаҳрдории Душанбе мутобиқ ба анъаноти худ  занон- кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт, ин навбат барои қадргардонии  2131 нафар занони роҳрӯб тибқи Қарори марбутаи  раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии […]

ASIA-Plus



Ба ифтихори Рӯзи модарон- 8-уми март  ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шаҳрдории Душанбе мутобиқ ба анъаноти худ  занон- кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт, ин навбат барои қадргардонии  2131 нафар занони роҳрӯб тибқи Қарори марбутаи  раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр  1 млн. 65 ҳазору 500 сомонӣ бо дарназардошти ба ҳар кадоме 500 сомонӣ ҷудо карда шуд.

Гуфта мешавад, кӯмаки молиявии мазкур аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ нимаи аввали имрӯз 6 марти соли 2014 дар расми тантанавӣ ба роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр тақдим карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.