Ҷашни Наврӯз дар Душанбе пуршукуҳ таҷлил мегардад

ASIA-Plus



Дар пойтахти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз муддати 5 рӯз пуршукуҳ таҷлил мегардад.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, истиқболу таҷлили бошукуҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ  дар шаҳри Душанбе 21 марти соли 2014 аз мушакпарронии идона дар Боғи «Ғалаба» ва ҳаракати корвонҳои шодӣ аз боғи мазкур (ноҳияи Шоҳмансур), пояи муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино (ноҳияи Сино) бо баҳамомадан дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва воридшавӣ ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» оғоз мегардад.

Дар «Наврӯзгоҳ» барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиши театрикунонида пешкаш крада мешавад, ки режиссер-таҳиягари он Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов мебошад.

Ду рӯзи минбаъда дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар сатҳи маҳаллаву ноҳияҳои пойтахт чорабиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор карда мешаванд. Рӯзҳои 24-25-уми март дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқот оид ба гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ доир карда мешаванд.

Бо қарори раиси пойтахт, дар арафаи ҷашни Наврӯз рӯзҳои 15 ва 16-уми март шанбегиҳои умумишаҳрӣ оид ба омодагӣ ба ҷашн гузаронида мешаванд. Аз 10 то 20-уми март дар тамоми бозорҳои пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ниёзи аввалияи мардум барпо карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки имсол таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон 6 рӯз – аз 21 то 26-уми март идома ёфта, ҳамаи ин рӯзҳои истироҳат мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...