Баррасии стратегияи миллии Тоҷикистон дар бахши муҳоҷират

ASIA-Plus



Дар арафаи рӯзи Модар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор намуд, ки ба мавзӯи «Раванди татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011- 2015» бахшида шуда буд

.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамот, дар конфронс намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират иштирок дошта, Сардори Раёсати рушди иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Туманова Гулҷаҳон Абдуфаттоевна намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ даъват шуда буданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ С.Тағоева нахуст дар хусуси дигаргуниҳо, аз ҷумла, шомил шудани Хадамоти муҳоҷират ба сохтори вазорат, оид ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, фаъолияи Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот дода, оид ба ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 маърӯза намуд.

 Иҷрои Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 ҳуҷҷати муҳим ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими раванди муҳоҷират ва воситаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа мебошад.

Дар ҷараёни конфронс намояндаҳои ҳар як вазорату идораи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, баромад намуда, корҳои анҷомдодаашонро оид ба иҷрои бандҳои Стратегияи мазукур маърӯза ва ҳисобот доданд. Дар конфронс, аз ҷумла, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҶТ, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар ҶТ ширкат намуда, оид ба ӯҳдадориҳои худ дар иҷрои стратегияи мазкур ҳисобот доданд.

Дар интиҳои конфронси илмӣ амалӣ ҳозирин нисбати баррасӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта нисбати иҷроиши Стратегияи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифт.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...