Гумонбарии адвокати Зайд Саидов ба гирифтани қарзи бонкӣ бо роҳи қаллобӣ



Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуда буд, ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Ф.Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз як бонки ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд. «Ба сифати кафолат барои дастрас кардани қарз онҳо ба номи фирмаҳои вуҷуднадошта ҳуҷҷатҳо пешниҳод кардаанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз қарзи дастрасшуда то имрӯз ба бонк нисфи маблағи гирифташуда баргардонида шудааст. «Адвокат ва ҳаммаслаки ӯ ба содир намудани ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста шуда, ахири ҳафтаи гузашта ба ҳабси Зокиров ва ҳаммаслаки ӯ аз суд иҷозат гирифта шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное