ICJ: Ҳабси адвокат дар Тоҷикистон ба мустақилияти касбӣ таҳдид мекунад

Комиссияи байнулмилалии ҳуқуқшиносон (ICJ) дар робита ба ҳабси Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов нигаронӣ изҳор намуд. Дар изҳороти интишоршудаи ин ташкилот дар ин робита зикр мегардад, ки ҳабси адвокат шояд ба мавқеи фаъол ва мустаҳками ӯ зимни ҳимояти Саидов дар суд марбут бошад. Фахриддин Зокиров рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби […]

ASIA-Plus



Комиссияи байнулмилалии ҳуқуқшиносон (ICJ) дар робита ба ҳабси Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов нигаронӣ изҳор намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи ин ташкилот дар ин робита зикр мегардад, ки ҳабси адвокат шояд ба мавқеи фаъол ва мустаҳками ӯ зимни ҳимояти Саидов дар суд марбут бошад. Фахриддин Зокиров рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуд. Ӯ ба гирифтани қарзи бонкӣ якчанд сол пеш ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Шуҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров, адвокатҳои дигари соҳибкор зимни нишасти хабарӣ изҳор намуданд, ки барои иштирок дар ин парванда ва бахусус дар робита ба даъвояшон нисбати роҳбари Агентии зиддифасод Фаттоҳ Саидов ахиран таҳти фишору тарсонидан қарор гирифтаанд.

«Таъқиби ғайриқонунии адвокатҳо ва таҳдидҳо ба унвони онҳо, ки ба фаъолияти касбиашон марбут аст, ба меъёрҳои байнулмилалии мустақилияти адвокатҳо мухолиф буда, дар ин ҳолат принсипҳои боинсофӣ ва беғаразии низоми адолати судӣ риоя намешаванд», – изҳор доштааст Роушин Пиллей, директори барномаи минтақавии ICJ дар Аврупо.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки дар ҷараёни амалисозии фаъолияти касбӣ адвокатҳо набояд зери таҳдиду фишор, тарсонидан ва таъқиб ё ҳабси худсарона қарор гиранд. «ICJ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки дахолатнопазирии адвокатҳо таъмин гардида, ҳамчунин ба суистеъмол дар низоми адлия бо мақсади тарсонидани онҳо роҳ дода нашавад», – омадааст дар изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.